Омодагии мунтахаби Тоҷикистон барои бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Урдун ба нуқтаи ниҳоии худ мерасад.
Ба даста нимҳимоятгари ССКА-1948-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев ва ҳамлагари «Милсами»-и Молдова Шаҳром Самиев ҳамроҳ шуданд. Ҳоло сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт 23 бозигарро дар ихтиёр дорад. Мунтахаби мо рӯзи 14-уми ноябр пас аз он ки ҳимоятгари дастаи «Персеполис»-и Эрон Ваҳдат Ҳанонов ба ҳайат мепайвандад, пурра мешавад.
Қобили зикр аст, ки бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун рӯзи 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гашта, соати 18:00 оғоз мешавад.