Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷамъомади таълимиву тамриниро дар шаҳри Душанбе дубора шуруъ намуда, ба бозии дӯстона муқобили тими миллии Афғонистон, ки рӯзи 19 ноябр баргузор мегардад, омода мешавад.
Пас аз бозӣ бо тими миллии Непал (4:0) мунтахаби мо як рӯз истироҳат карда, омодагиро ба бозии дуюми рӯзҳои ФИФА оғоз намуд.
Тамринҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, дар онҳо 20 нафар бозигар ширкат кард. Дарвозабон Олег Баклов, ки дар рақобат бо тими миллии Непал пурра дар майдон буд, тибқи мувофиқа бо дастаи Уфа ба тими худ баргашт.
Дарвозабон Далерҷон Баротов ва ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов дар бозиҳои мавқуфгузоштаи чемпионати Тоҷикистон-2024 мутаносибан дар ҳайати бошгоҳҳои «Истаравшан» («Равшан» – 1:3) ва «Истиқлол» («Хосилот» – 3:3), ширкат карданд. Аз ин рӯ ҳарду дар тамрини имрӯзаи тими миллии Тоҷикистон иштирок надоштанд.