Мунтахаби Тоҷикистон: омодагӣ ба бозӣ муқобили тими миллии Урдун – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон: омодагӣ ба бозӣ муқобили тими миллии Урдун

То бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон ду рӯзи дигар мондааст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе рӯзи 4-уми июн тамрини дуюми худро дар шаҳри Аммон анҷом дод. Ҳамаи 23 футболбоз, ки ба хайати дастаи яккачин дохиланд, ба вохӯрии дар пешистода ҳаматарафа тайёрӣ дида истодаанд.

Қобили зикр аст, ки бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон рӯзи 6 июн дар Варзишгоҳи байналмилалии Аммон баргузор шуда, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

 

🏆 Ҷоми ҷаҳон-2026. Мусобиқаи интихобӣ

Даври дуюм. Гурӯҳи «G»

Бозии даври 5-ум

📅 6 июн (панҷшанбе)

️ Оғоз – соати 22:30 ба вақти Душанбе

🇯🇴 Урдун – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Аммон, Варзишгоҳи байналмилалӣ

Назари худро бинависед