Дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 6-уми октябр таҳти роҳбарии сармураббии нав Горан Стеванович нахустин тамринҳои худро анҷом дод.
Машқҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, якуним соат идома карданд. Бисту ду бозигар дар тамринҳо иштирок намуданд. Фардо дарвозабон Рустам Ятимов ва ҳимоятгар Меҳрубон Каримов ба саф мепайванданд. Нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев ба далели корти зарди зиёд доштанаш дар бозии аввал муқобили тими Малдив ширкат намекунад ва рӯзи 8 октябр ба ҳайати дастаи миллии кишвар меояд.