Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар бо либоси нави шарики техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон – ширкати итолиёвии «Macron» баромад мекунад.
Ширкати «Macron» барои тими миллии кишвар пироҳанҳоро бо тарҳи беназир, нав ва замонавӣ таҳия кардааст. Либосҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ду маҷмӯа – хонагӣ (сафед) ва меҳмонӣ (сурх) пешниҳод шуд.
Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) рақобат менамояд.