Дар остонаи бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» миёни дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Dorsett Grand Subang» ҷаласа баргузор шуд.
Дар ин ҷамъомад намояндагони Ассотсиатсияи футболи Малайзия, кумитаи ташкилии маҳаллӣ ва дастаҳои миллии Малайзия ва Тоҷикистон ширкат доштанд.
Дар рафти маҷлис масъалаҳои ташкилӣ муҳокима шуданд. Илова бар ин, ранги либоси дастаҳо тасдиқ гардид. Дастаи Тоҷикистон дар бозии интизор бо либоси сафед ва тими Малайзия бо либоси зард ба майдон мебароянд.
Ҳар як даста метавонад дар давоми бозӣ ҳадди аксар шаш маротиба ба ҳайат тағйирот дарорад.
Қобили зикр аст, ки бозии ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Мердека-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон рӯзи 17 октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 18:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад. Шабакаи телевизионии «Варзиш» ин вохӯриро ба таври мустақим намоиш медиҳад.
🏆 Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2023»
⚽️ Финал
📅 17 октябр (сешанбе)
Оғоз – соати 18:00 ба вақти Душанбе
🇲🇾 Малайзия – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
🏟 Куала-Лумпур, Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил