Мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе бо яккачинҳои Непалу Афғонистон бозиҳои дӯстона доир мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе бо яккачинҳои Непалу Афғонистон бозиҳои дӯстона доир мекунад

Дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи ноябр дар Душанбе бо ширкати дастаҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Непал, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ширкат меварзанд, силсилаи бозиҳои дӯстона баргузор мешавад.

13 ноябр мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Непал бозӣ мекунад. Пас аз се рӯз, 16 ноябр дар Душанбе вохӯрии Непал ва Афғонистон доир мешавад. Ва ниҳоят, рӯзи 19 ноябр бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон сурат мегирад.

Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешаванд.

 

Назари худро бинависед