Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бар зидди яккачини Малдив бо либосҳои сафед ба майдон мебарояд.
Пеш аз ин бозӣ дар Варзишгоҳи миллии Мале бо ширкати масъулон, кумитаи тадорукот ва намояндагони дастаҳои Малдив ва Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа дастаҳо ранги либосҳои худро интихоб карданд. Тоҷикистон бо либоси сафед ва Малдив бо либоси сурх ба майдон мебароянд.
Бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни яккачинҳои Малдив ва Тоҷикистон 14 октябр дар Варзишгоҳи миллии Мале баргузор шуда, соати 15:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.