Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G»-ро бар зидди яккачини Урдун бо либоси сафед анҷом медиҳад.
Имрӯз, 15-уми ноябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе бо ширкати масъулони бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун ҷаласа баргузор шуд.
Дар ҷаласа комиссари бозӣ Юен Мун-Чуен (Ҳонконг), нозири доварон Саъд Ал-Фадҳлӣ (Кувайт), намояндагони дастаҳо ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ ширкат намуданд.
Дар рафти ҷамъомад масъалаҳои ташкилии вохӯрии дар пешистода муҳокима шуда, ҳамчунин ранги либоси футболбозон тасдиқ гардид: дастаи Тоҷикистон пагоҳ бо либоси сафед ва тими Урдун бо либоси сурх вориди майдон мешаванд.