Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими миллии Урдун натавонист ғалабаро нигоҳ дорад. Ин вохӯрӣ имрӯз, 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт.
Шаҳром Самиев дар дақиқаи 89-ум ҳисобро боз кард. Дарҳол баъд аз ин, дар дақиқаи 90+3-юм меҳмонон тавонистанд таносубро барқарор кунанд. Язан Абдулло Ал-Наймат муаллифи гол шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар меҳмонӣ бо тими миллии Покистон рақобат мекунад. Ин вохӯрӣ 21 ноябр дар Исломобод баргузор мешавад.
🏆 ҶҶ-2026. Марҳилаи интихобӣ
✅ Даври дуюм. Гурӯҳи «G». Даври 1
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇯🇴 Урдун – 1:1
⚽️ Голҳо: Шаҳром Самиев, 89 (1:0). Язан Абдулло Ал-Наймат, 90+3 (1:1).
🇹🇯 Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Аҳтам Назаров (Табрез Исломов, 78), Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 90+3), Парвизҷон Умарбоев, Алишер Ҷалилов, Рустам Соиров, (Шаҳром Самиев, 75).
🏟 16 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 13650 тамошобин.