Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҷадвали бозиҳои мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025»-ро, ки аз 29 август то 8 сентябр баргузор мешавад, эълон кард.
Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Малайзия (29 август), Афғонистон (1 сентябр) ва Эрон (4 сентябр) нерӯ месанҷад. Бозиҳо дар ин чаҳоргона дар шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.
Тибқи муқаррароти Ҷоми миллатҳои CAFA вохӯриҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар шакли даврӣ баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои ҷои сеюм мубориза мебаранд.
Бозии ниҳоии мусобиқот дар Тошканд ва бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҳисор барпо мешаванд.