Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои баргузории бозии дӯстона бо яккачини Камбоҷа вориди шаҳри Пномпен шуд.
Ин вохӯрӣ рӯзи 5 июн дар Варзишгоҳи миллии олимпии Пномпен баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (17:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Барои тими миллии Тоҷикистон бозии дӯстона бо Камбоҷа як марҳилаи омодагӣ ба вохӯрии даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили мунтахаби Филиппин аст, ки 10 июн дар шаҳри Капаси Филиппин баргузор мешавад.