Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷамъомади тамринии якҳафтаинаи худро дар Давҳа ба анҷом расонд.
Имшаб мунтахаби мо ба Пномпен сафар карда, онҷо бо дастаи Камбоҷа (5 июн) бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ва баъдан ба бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили яккачини Филиппин (10 июн) омодагӣ мегирад.
Айни замон ситоди мураббиён 23 бозигарро дар ихтиёр дорад. Дарвозабони «Ростов» Рустам Ятимов пас аз бозии суперфиналии Ҷоми Русия, ки дар он дастаи ӯ 1 июн бо ССКА-и Маскав рақобат менамояд, ба сафи тими миллӣ мепайвандад.