Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар мусобиқаи байналмилалии «The U-23 Tri Nation International Football Tournament 2026» гардид, ки дар Ҳиндустон баргузор шуд.
Дар даври ниҳоӣ дастаи мо бо ҳамтоёни худ аз Ҳиндустон рӯ ба рӯ шуд. Бозӣ дар варзишгоҳи «Golden Jubilee Stadium»-и Юпия доир гашта, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи Тоҷикистон ба анҷом расид. Нимҳимоятгари «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Азизбек Ҳаитов ягона голи вохӯриро ба самар расонд.
Қаблан дар даври аввал дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон Бутанро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
Ҳамин тариқ, бо ду пирӯзӣ дар ду бозӣ мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол карда, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон шуд.