Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Леван Хомерики дар Душанбе омодагиро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 3 то 9 сентябр баргузор мешавад, оғоз кард.
Аз 30 бозигаре, ки ба ҷамъомади тамринӣ даъват шудаанд, 21 нафар ҳоло дар ҳайати даста қарор доранд. Легионерон дертар ба саф мепайванданд.
Қобили зикр аст, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «К» бо дастаҳои Непал (3 сентябр), Филиппин (6 сентябр) ва Сурия (9 сентябр) рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.