Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Ҳиндустон ва Қирғизистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Ҳиндустон ва Қирғизистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо ҳамсолони худ аз Ҳиндустон ва Қирғизистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Аз 18 то 24 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор силсилаи бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои олимпии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон баргузор мешавад.

18-уми июн мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо дастаи Ҳиндустон бозӣ мекунад. Пас аз се рӯз, 21-уми июн дар Ҳисор бозӣ миёни тимҳои олимпии Қирғизистону Ҳиндустон баргузор мешавад. Ва ниҳоят, рӯзи 24-уми июн дастаҳои олимпии Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам бозии дӯстона мегузаронанд.

Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешаванд.

Назари худро бинависед