Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Душанбе ҷамъомади якҳафтаинаи тамриниро оғоз кард.
Сармураббии тими олимпии кишвар Мубин Эргашев ба ин ҷамъомад 24 бозигар – 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст. Дар доираи ин машғулиятҳо мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо яккачини ҷавонони кишвар (U-20) ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Вохӯриҳои рафиқона рӯзҳои 21 ва 24 декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-сола моҳи cентябри соли оянда баргузор мешавад.
Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе чунин аст:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов, Олимҷон Ҷӯраев (ҳарду – «Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Сиёвуш Ҳабибуллоев («Тӯрон», Ӯзбекистон), Алиҷон Кароматуллозода («Истиқлол»), Фирдавс Алиназаров («Хатлон»), Шоҳрух Сангов («Регар-ТадАЗ»), Сорбон Ғиёсов («Куктош»), Маҳмуд Пиров («Ҳосилот»), Ҷонибек Шарипов (КМВА), Шаҳзод Давлатов (бе даста);
Нимҳимоятгарон: Масрур Қиёмиддинов («Нафтан», Беларус), Шарифбек Раҳматов («Тӯрон», Ӯзбекистон), Тоҳирҷон Тағойзода («Хатлон»), Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»), Паҳлавон Баҳризода, Шуҳрат Шоҳназаров, Муҳаммад Муҳаммадзода (ҳама аз «Истиқлол»), Алишер Шукуров («Куктош»), Умедҷон Холиқов (КМВА);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»), Муҳаммад Гулаев («Куктош»), Амирҷон Худойдодов («Ҳосилот»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.