Мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон мусовӣ кард

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Леван Хомерики бозии дӯстонаи дуюмро баргузор кард.

Имрӯз, 24 июн тими олимпии мо бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон рақобат кард. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, мусовии бидуни гол – 0:0 анҷом ёфт.

Қаблан дар бозии дӯстонаи якум мунтахаби олимпии Тоҷикистон бар тими Ҳиндустон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд.

«Ин вохӯриҳои муфид барои санҷиши бачаҳо буданд. Пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки моҳи сентябр баргузор мешавад, якҷоя бозӣ кардан муҳим аст. Дар бозиҳои дӯстона мо лаҳзаҳои хуб доштем, аммо бояд сари хатоҳои худ кор кунем», – гуфт Леван Хомерики, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон.

Назари худро бинависед