Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) тамринҳои пеш аз бозӣ бо Буркина Фасоро доир кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) тамринҳои пеш аз бозӣ бо Буркина Фасоро доир кард

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон пеш аз бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дар Ҷоми ҷаҳон-2025 муқобили Буркина Фасо тамринҳои худро баргузор кард.

Ҳамаи 21 бозигари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар тамринҳо ширкат намуданд.

Бозии Ҷоми ҷаҳон-2025 байни Буркина Фасо ва Тоҷикистон 11 ноябр дар майдони №2-и Маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа сурат гирифта, соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:45 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед