Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон пеш аз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 бо тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико машқҳои худро анҷом дод.
Пеш аз тамринҳо сармураббӣ Марко Раҷини бо бозигарон мулоқоти кӯтоҳе анҷом дода, хатоҳоеро, ки бозигарон дар рақобати аввал бо Чехия даст заданд, баррасӣ намуд.
Ҳамаи 21 бозигари дастаи Тоҷикистон дар тамринҳо ширкат карданд.
Бозии Ҷоми ҷаҳон-2025 байни ИМА ва Тоҷикистон 8 ноябр дар майдони 2-юми Маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа баргузор гашта, соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:45 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.