Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар мусобиқаи байналмилалии «Prayer for Peace; Hiroshima International Youth Soccer Games», ки дар Ҳирошимаи Ҷопон ба анҷом расид, ширкат намуд.
Дар давоми мусобиқа дастаи мо се бозӣ анҷом дод: мусовӣ бо Академияи «Санфречче Ҳирошима» (2:2), бохт аз мунтахаби наврасони Ҷопон (0:1) ва дастаи музофоти Ҳирошима (0:2).
Иштирок дар ин мусобиқа барои наврасони тоҷик марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мебошад, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар марҳилаи гурӯҳии чемпионати қитъавӣ яккачини наврасони Тоҷикистон бо дастаҳои Тайланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) нерӯ месанҷад.