Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар «Ҷоми рушд-2025» бар дастаи Эрон зафар ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар «Ҷоми рушд-2025» бар дастаи Эрон зафар ёфт

Дар бозии ниҳоии худ дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2025», ки дар Минск ҷараён дорад, тими наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини бар дастаи Эрон пирӯз гардид.

Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфта, дар силсилазарбаҳои пеналти футболбозони мо бо ҳисоби 4:1 ғалаба карданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи шаҳри Минск чаҳор бозӣ анҷом дод. Қаблан дастаи мо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот аз дастаҳои Беларус (0:1) ва Ӯзбекистон (1:3), инчунин аз Академияи «Blockchain Sports»-и Бразилия (0:1) мағлуб шуда буд.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Уммон (5 апрел), Кореяи Шимолӣ (8 апрел) ва Эрон (11 апрел) рақобат мекунад.

Назари худро бинависед