Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври сеюми Ҷоми ҷаҳон-2025 бо дастаи Буркина-Фасо бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври сеюми Ҷоми ҷаҳон-2025 бо дастаи Буркина-Фасо бозӣ мекунад

Имрӯз, 11 ноябр дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бозии ниҳоии худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 анҷом медиҳад.

Дастаи мо бо Буркина-Фасо нерӯ месанҷад. Бозӣ дар майдони №2-и Маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа сурат гирифта, соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:45 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед