Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюми Ҷоми Осиё-2025 бо дастаи Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюми Ҷоми Осиё-2025 бо дастаи Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунад

Имрӯз, 8-уми апрел дар шаҳри Ҷидда бозиҳои даври дуюми Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасони то 17-сола дар гурӯҳи «D» баргузор мешаванд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Кореяи Шимолӣ, ки дар даври аввал бо дастаи Эрон (1:1) мусовӣ кард, вомехӯрад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Шоҳ Абдулло Спортс Сити Холл»-и шаҳри Ҷидда баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Шабакаи телевизионии «Варзиш» ин бозиро мустақиман намоиш медиҳад.

Назари худро бинависед