Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ дар Қатар ва Арабистони Саудӣ панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод.
Дар шаҳри Давҳа мунтахаби наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Қатар ду рақобати санҷишӣ доир кард. Ҳарду вохӯрӣ бо натиҷаҳои мусовӣ – 3:3 ва 2:2 ба анҷом расид.
Дар шаҳри Абҳаи Арабистони Саудӣ ҷамъомади тамринии дуюми мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) баргузор шуд. Инҷо шогирдони Марко Раҷини бо тими Арабистони Саудӣ ду вохӯрии санҷишӣ (0:2 ва 1:1) ва бо дастаи Австралия як бозии санҷишӣ (2:2) роҳандозӣ карданд.
Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Уммон (5 апрел), Кореяи Шимолӣ (8 апрел) ва Эрон (11 апрел) рақобат менамояд.