Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Анталия бо тими «Лехия»-и Лаҳистон бозии санҷишӣ анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Анталия бо тими «Лехия»-и Лаҳистон бозии санҷишӣ анҷом дод

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар Анталияи Туркия идома медиҳад.

Бозии санҷишии сеюми мунтахаби наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Кувайт, ки мебоист рӯзи 21-уми январ баргузор шавад, ба далели он ки тими Кувайт оғози ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Туркия ба охири моҳи январ гузаронд, лағв шуд. Дар робита ба ин, имрӯз, 20-уми январ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамсолони худ аз тими «Лехия Зелена Гура» рақобат кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи тими мо анҷом ёфт. Голҳоро Садриддин Сатторов ва Абдулло Иброҳимзода заданд.

Бозии санҷишии охирини мо дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия рӯзи 23 январ бо тими Академияи «Краснодар» дар назар аст.

Назари худро бинависед