Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Амороти Муттаҳидаи Араб бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Амороти Муттаҳидаи Араб бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025 таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб силсила бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаҳои Замбия (22 октябр), Каледонияи Нав (24 октябр) ва Мексика (30 октябр) бозӣ мекунад. Ҳамаи ҳарифони дастаи мо дар Ҷоми ҷаҳон-2025 ширкат менамоянд.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар Қатар мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина-Фасо (11 ноябр) рақобат мекунад.