Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025, тими наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи «Ҷоми Истиқлолияти Индонезия-2025» бозии дуюми худро анҷом дод.
Имрӯз, 15 август наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Мали бозӣ карда, аз ҳарифонашон бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Асадбек Махтумов ва Назрулло Ашурализода ба самар расонданд.
Дар даври ниҳоии мусобиқаи мазкур мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тими Ӯзбекистон (U-16) бозӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 18 август баргузор шуда, соати 13:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.