Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар Чин машқҳои дастаҷамъӣ гузаронд.
Машқҳо дар Чжаотсин баргузор шуда, ду бозии дӯстонаро низ бо тими наврасони Чин дар бар гирифт. Бозии аввал, ки 21 март баргузор шуд, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи наврасони Чин анҷом ёфт. Вохӯрии дуюм 24 март сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 0:0 ба анҷом расид.
Барои мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон тамринҳои дастаҷамъӣ дар Чин марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 ба ҳисоб меравад, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастаи мо бо наврасони Тайланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) бозӣ хоҳад кард.