Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба шаҳри Гоа сафар кард, ки онҷо таҳти роҳбарии Далер Каёсов ҷиҳати омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 машқҳои дастаҷамъӣ мегузаронад.
Дар доираи ин ҷамъомад наврасони мо бо ҳамтоёни ҳиндуи худ ду рақобати санҷишӣ анҷом медиҳанд. Ин вохӯриҳо 29 январ ва 1 феврал ба нақша гирифта шудаанд.
Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 12 феврал ҳангоми қуръакашии расмии мусобиқа муайян мешаванд.