Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар Чин машқҳои дастаҷамъӣ мегузаронад.
Тамринҳои даста аз 19 то 25 март дар Чжаотсин баргузор мешаванд. Дар доираи он дастаи наврасони мо ду бозии дӯстона бо ҳамтоёни худ аз Чин анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо 21 ва 24 март доир мегарданд.
Барои дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бозиҳои дӯстонаи дарпешистода марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар марҳилаи гурӯҳӣ наврасони Тоҷикистон бо тимҳои Тайланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) рақобат менамоянд.