Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов моҳи январ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Дастаи мо бо тимҳои то 17-солаи Арабистони Саудӣ (13 январ) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (16 январ) нерӯ месанҷад. Ҳарду бозӣ дар шаҳри Дубай баргузор мешавад.
Рақибони дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 12 феврал зимни қуръакашии мусобиқа муайян мегарданд.