Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон-2025 вориди Қатар шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон-2025 вориди Қатар шуд

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон-2025 ба Қатар омад. 

Ҳайати дастаи моро ҳангоми расидан ба Фурудгоҳи байналмилалии Давҳа намояндагони кумитаи тадорукоти маҳаллӣ ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣгарм истиқбол гирифтанд. Роҳбари намояндагии дипломатӣ ба бозигарони мо муваффақият ва намояндагии шоистаи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ таманно кард.

Дастаи наврасони Тоҷикистон аввалин бозии худро дар марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 5 ноябр бо ҳамтоёни худ аз Чехия анҷом медиҳад.

Назари худро бинависед