Дастаи то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Тошканд имрӯз ба анҷом расид, ғолиб омад.
Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи наврасони мо бо ҳамтоёни худ аз Ӯзбекистон мусовӣ – 0:0 карданд. Қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон тимҳои Туркманистон (5:1), Қирғизистон (4:0) ва Афғонистон (3:2)-ро мағлуб карда буд.
Ҳамин тариқ, наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо касби 10 имтиёз зинаи аввалро ишғол карда, ғолиби Чемпионати CAFA-2026 шуд. Медалҳои нуқраро тими Ӯзбекистон (8 имтиёз) ва нишонҳои биринҷиро Қирғизистон (6 имтиёз) соҳиб шуд.
Ин бори панҷум аст, ки дастаи наврасони Тоҷикистон дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ғолиб меояд. Наврасони мо қаблан дар солҳои 2019, 2022, 2023 ва 2025 дар мусобиқаи CAFA ғолиб омада буд.