Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро ишғол кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро ишғол кард

Мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026», ки дар шаҳри Минск баргузор шуд, зинаи панҷумро касб кард.

Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа наврасони мо дастаи Минскро (1:0) мағлуб карда, аз тимҳои Беларус (1:6) ва Қазоқистон (1:3) шикаст хӯрд. Дар рақобат барои ҷойи панҷум мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бар дастаи Озарбойҷон (U-17) бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд.

Иштирок дар «Ҷоми рушд-2026» ба дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон имкон дод, ки таҷрибаи байналмилалӣ касб карда, малакаашро сайқал диҳад ва омодагиро ба мусобиқаҳои расмии дарпешистода идома диҳад.

Назари худро бинависед