Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов дар мусобиқаи байналмилалии «Talents Cup 2026» баромад кард, ки он имрӯз, 24 март дар шаҳри Бишкек ба анҷом расид.
Дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа се бозӣ анҷом дод: Қазоқистонро бо ҳисоби 5:2 мағлуб карда, бо Ӯзбекистон – 3:3 мусовӣ намуд ва аз Қирғизистон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд.
Мунтахаби Қазоқистон бо шаш имтиёз дар ин мусобиқа пирӯз шуд. Қирғизистон ва Тоҷикистон чор имтиёзӣ касб карданд, аммо бинобар натиҷаи рақобати байниҳамӣ дастаи Қирғизистон ҷойи дуюм ва Тоҷикистон мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Мусобиқаи навбатии дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) хоҳад буд, ки аз 4 то 14 апрел дар Тошканд баргузор мешавад.