Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини ҷамъомади дуҳафтаинаро дар Анталия анҷом дод.
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии санҷишии охирин дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия бар ҳамсолони худ аз Академияи «Краснодар» (4:0) пирӯзии калон ба даст овард. Голҳои дастаи моро Умед Ҷафоев, Давид Мақсудов ва Абдулло Иброҳимов заданд. Як голи дигарро бозигарони рус ба дарвозаи худ ворид сохтанд.
Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ҷамъомади таълимӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Рақибони тими мо дар гурӯҳи «D» дастаҳои Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ мебошанд.