Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бозии якуми худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал доир кард.
Дар дидори ифтитоҳии даври интихобӣ футзалбозони мо бар дастаи Макао бо ҳисоби 10:2 ғалаба ба даст оварданд. Чаҳор голи мунтахаби Тоҷикистонро Идрис Ёров зад. Самандар Ризомов ва Некрӯз Идиев дутоии дигарро марбути номи худ карданд. Дилшод Саломов ва Насратшо Исмоилов низ як голӣ заданд.
Дар даври навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 мунтахаби Тоҷикистон бо Камбоҷа вомехӯрад. Ин бозӣ рӯзи 22 сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.