Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи Арабистони Саудӣ рақобатро мусовӣ ҷамъбаст кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи Арабистони Саудӣ рақобатро мусовӣ ҷамъбаст кард

Дастаи миллии футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов омодагиҳои худро дар шаҳри Ҷакарта барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 идома медиҳад.

Имрӯз, 20 январ футзалбозони Тоҷикистон бозии санҷишии охирини худро дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ дар Индонезия анҷом доданд. Ҳарифи дастаи мо мунтахаби Арабистони Саудӣ буд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дарвозабон Фирӯз Бекмуродов ягона голи Тоҷикистонро зад.

Қаблан дар Ҷакарта яккачини Тоҷикистон ду бозии санҷишии дигар анҷом дода, аз Қирғизистон (2:4) мағлуб шуд ва Индонезияро (3:1) шикаст дод.

Ёдовар мешавем, ки дар қисми  ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026 дастаи миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо мунтахабҳои Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) нерӯ месанҷад.

Назари худро бинависед