Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2024 натиҷагирӣ намуда, ғолибонро аз рӯйи номинатсияҳои мухталиф дар соҳаи варзиш қадрдонӣ кард.
Дастаи миллии футзали Тоҷикистон ҷоизаи «Беҳтарин дастаи соли 2024»-ро соҳиб шуд. Соли гузашта мунтахаби футзали мо таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Ҷоми Осиё-2024 дар Таиланд бомуваффақият баромад карда, ба чаҳоргонаи беҳтарини қитъа дохил шуд. Ҳамчунин мунтахаби футзали Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърихи худ дар Ҷоми ҷаҳон-2024 дар Ӯзбекистон ширкат кард.
Илова бар ин, бар асоси натоиҷи соли гузашта Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин федератсияи варзишии кишвар аз намуди олимпӣ дониста шуд. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ бо медали «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.