Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи «В» мақоми дуюмро касб кард ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки тирамоҳ дар Кувайт баргузор мешавад роҳ ёфт.
Дастаи мо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бар Непал (11:1) пирӯз шуда, бо Афғонистон мусовӣ (4:4) кард ва аз Ӯзбекистон (2:5) шикаст хӯрд. Дар натиҷа миллипӯшони тоҷик чаҳор имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвал зинаи дуюмро касб намуданд.
Мунтахаби футзали Тоҷикистонро барои ба даври финалии Ҷоми Осиё-2022 баромадан табрик мегӯем!