Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар Гулистон ҷамъомади тамринӣ-таълимӣ мегузаронад.
Барои ҷамъомади дуҳафтаинаи тамринӣ, ки аз 7 то 21 июл дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и Гулистон баргузор мешавад, сармураббии тими миллии Тоҷикистон Пайрав Воҳидов 18 бозигар – 4 дарвозабон ва 14 футзалбозро даъват кардааст. Ба рӯйхати ниҳоии даста 14 бозигар шомил карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои миллии Ӯзбекистон (23 июл), Туркманистон (24 июл), Қирғизистон (26 июл), Афғонистон (28 июл) ва Эрон (30 июл) рақобат мекунад. Бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ доир мешаванд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Фирӯз Бозмамадов («Соро компания»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»), Лоиқ Давлатов («КПРФ-2, Русия);
Бозигарон: Дилшод Саломов, Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарифов, Некрӯз Алимаҳмадов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Комрон Алиев, Некрӯз Идиев, Насратшо Исмоилов (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Кузиев, Фаридун Неъматов (ҳарду аз «Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.