Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола баргузор шуд.
Дар натиҷа, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» қарор гирифт ва бо тимҳои Филиппин, Малайзия ва Сурия бозӣ мекунад. Вохӯриҳои даври интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 13 то 17 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мешаванд.
Дар маҷмуъ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои духтарона (U-17) 27 даста ширкат мекунад. Дар қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил карда шуд: се гурӯҳ аз чор даста ва панҷ гурӯҳ аз се даста иборатанд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳои интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳхат мегиранд.