Мунтахаби бонувони Тоҷикистон бозии якуми худро дар даври интихобии мусобиқоти футболи Бозиҳои олимпӣ-2024 анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон бозии якуми худро дар даври интихобии мусобиқоти футболи Бозиҳои олимпӣ-2024 анҷом дод

Рӯзи 5 апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозиҳои якуми даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи бонувон барои Бозиҳои олимпӣ-2024 дар гурӯҳи «Е» баргузор шуданд.

Дастаи занонаи Тоҷикистон дар даври аввал аз тими Ҳонконг бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Дар бозии дигар фаворити асосии гурӯҳ, тими Филиппин, ки имсол дар Ҷоми ҷаҳон-2023 ширкат мекунад, бар тими Покистон бо ҳисоби бузурги 4:0 пирӯз шуд.

Бозиҳои даври дуюм рӯзи 8 апрел баргузор мешаванд. Дар ин рӯз, соати 16:00 бозии дастаҳои мунтахаби Покистону Ҳонконг оғоз шуда, баъдан соати 19:00 футболбозони Тоҷикистону Филиппин вориди майдони Варзишгоҳи марказии Ҳисор мешаванд.

 

Даври якуми марҳилаи интихобии мусобиқаи футболи бонувон барои Бозиҳои олимпӣ-2024

Даври аввали интихобӣ

Гурӯҳи «Е». Даври 1

Ҳонконг – ТОҶИКИСТОН – 3:0

5 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

 

Филиппин – Покистон – 4:0

5 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

Назари худро бинависед