Ҷамъомади тамринии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Душанбе, ки рӯзи 12 январ оғоз шуда буд, дар арафаи анҷомёбист. Рӯзи чоршанбе ҷавонони мо охирин машқҳои худро пеш аз сафар ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия доир мекунанд.
Дар ҷамъомади тамринии дуюм дар Душанбе дастаи Олег Кубарев дар реҷаи тамринии дукарата машқ карданд.
Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия давоми як моҳ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҳафт бозии санҷишӣ бо тимҳои аврупоӣ ва осиёӣ баргузор менамояд.
Қобили зикр аст, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола, ки аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунанд.
Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешавад, ки баргузориаш дар Индонезия ба нақша гирифта шудааст.