Сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев натиҷаи ҳунарнамоии дастаро дар Ҷоми Осиё-2024 шарҳ дод. Аз рӯйи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон бо касби се имтиёз дар гурӯҳи «С» мақоми сеюмро касб кард.
«Пас аз ду бохт дар оғози Ҷоми Осиё-2024 барои бозигарони мо омодагии ҷисмонӣ ва равонӣ ба бозии сеюм душвор буд. Ман мехоҳам ба бачаҳо барои ғалабаи деринтизор изҳори сипос намоям, онҳо мубориза бурданд ва ба ҳама нишон доданд, ки мо дар Ҷоми Осиё чӣ гуна баромад кардан мехостем. Инчунин мехоҳам ба мухлисонамон, ки моро дастгирӣ карданд, ташаккур гӯям ва аз онҳо узр мепурсам, ки мо ба даври баъдӣ баромада натавонистем, хеле афсӯс мехӯрам. Ман масъулияти баромади даста дар Ҷоми Осиёро пурра ба дӯш мегирам ва аз вазифаи сармураббии тими олимпии Тоҷикистон истеъфо медиҳам», – гуфт Мубин Эргашев пас аз бозии даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Тайланд.