Муҳофизатгари 30-солаи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Фарҳод Восиев собиқаи бозикунияшро дар бошгоҳи футболи “Тамбов”, ки дар премер-лигаи Россия баромад мекунад, идома медиҳад.
Баъд аз нуздаҳ даври бозиҳо дастаи муҳофизатгари тоҷик дар ҷадвали премер-лигаи Россия бо 13 имтиёз дар минтақаи афтиш қарор дорад.
Қаблан, Фарҳод Восиев дар дастаҳои футболи КМВА (Душанбе), “Сатурн”, “Криля Советов”, “Жемчужина” (Сочи), “Шинник”, “Волгар”, “Оренбург”, “Истиқлол”, “Тюмен” ва “Нефтихимик” бозӣ кардааст.