Мутахассиси 52-солаи словенӣ Милош Костич сармураббии нави мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таъйин шуд. Ӯ дастаро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, омода мекунад.
Костич дар замонҳои гуногун сармураббии дастаҳои наврасон (U-17) ва ҷавонони (U-19) Словения буд. Ӯ ҳамчунин бошгоҳҳои «Срвена Звезда» (Сербия), «Железничар» (Босния ва Ҳерсеговина), «Ахарнаикос», «Ираклис», «Трикала» (ҳама аз Юнон), «Люфтетари» (Албания) ва «Сент-Трюден» (Белгия)-ро роҳбарӣ кардааст.
Мутахассиси 52-солаи словенӣ Милош Костич дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи «Pro»-и УЕФА мебошад.