Федератсияи футболи Тоҷикистон медиахолдинги «Азия-Плюс»-ро бо 30-солагии фаъолияти пурсамар самимона табрик менамояд.
Дар тӯли се даҳсола, «Азия-Плюс» ба яке аз воситаҳои ахбори оммаи пешсаф ва муътабари Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Мо барои таваҷҷуҳи доимии шумо ба рушди футбол дар Тоҷикистон, дастгирии дастаҳои миллӣ ва инъикоси ҳамаҷонибаи чорабиниҳои футбол изҳори миннатдорӣ менамоем.
Ба ҳайати медиахолдинги «Азия-Плюс» саломатӣ, нерӯи бепоён, илҳоми эҷодӣ ва муваффақиятҳои навро орзумандем!