Мавсими даҳуми лоиҳаи бузургтарин ва машҳуртарини футбол барои кӯдакон «Футбол ба назди шумо меояд» оғоз шуд, ки бо дастгирии оператори пешсаф ва навовари кишвар – Tcell баргузор мешавад. Тӯли солҳо лоиҳа даҳҳо ҳазор кӯдаконро фаро гирифт.
Дар маросими ифтитоҳии мавсими нави лоиҳаи «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» беш аз 300 кӯдак ширкат кард. Дар маросим ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев, котиби генералии ФФТ Фурқат Аҳмедҷонов ва директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков ширкат намуда, ба иштирокчиён дар мавсими нав муваффаққият таманно намуданд.
Чун анъана, лоиҳаи «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» дар ду марҳила дар тамоми минтақаҳои кишвар баргузор мешавад. Дар марҳилаи аввал шумораи номаҳдуди дастаҳо метавонанд иштирок кунанд. 12 дастаи беҳтарин дар се категорияи синну сол – байни кӯдакони то 7, 9 ва 11-сола ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Ҳадафи асосии лоиҳаи Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон – «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» бедор намудани муҳаббати кӯдакон ба футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Конфедератсияи футболи Осиё лоиҳаи Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон – «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд»-ро яке аз беҳтарин лоиҳаҳои оммавӣ – намунаи баргузории мусобиқаҳои футболи оммавӣ дар қитъаи Осиё эътироф кард.